МАЪЛУМОТНОМА

дар бораи фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Ноқили Талко»

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нокили Талко” корхонаест, ки бо таҷҳизоти муосири технологии истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳон муҷаҳҳаз буда, ба истеҳсоли кабелҳо ва симҳо равона шудааст. Ин корхона яке аз лоиҳаҳои сармоягузории ширкати ТАЛКО мебошад, ки моҳи августи соли 2011 сохта ба истифода дода шудааст.

 Ҳадафи асосии бунёди ин корхона таъмини истеҳсоли маҳсулоти кабелӣ ва симии гуногун ва сифатан баланд, қонеъ кардани талаботи афзоянда дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба ноқилҳои паст ва миёнаи шиддаташ калон мебошад.

Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки дар шакли Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро ба даст меорад.

Шумораи умумии кормандон 115 нафарро ташкил медиҳад.

Шакли моликият Моликияти хусусӣ.

Суроғаи ҳуқуқӣ: ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯч. Ҷ. Расулова 65. 

Шарикони мо
Мо танҳо бо тамғаҳои маъруфи боэътимод кор мекунем

Производство кабельно-проводниковой продукции